ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон соли 2023 алайҳи 398 падар барои саркашӣ аз пардохти алимент парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ин бора Генерал Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин афроди қарздор барқасдона даст ба чунин кор задаанд, ки ҳамакнун тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомот ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳамчунин дар ин давра ин ниҳод 568 падарони қарздорро дар кофтуков қарор додааст.
Гуфта мешавад, ки онҳо барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон аз ҷониби иҷрочиёни мақомоти иҷро дар пайгард қарор гирифтанд.
Тибқи омори ин ниҳод сафи чунин афрод дар кишвар нисбат ба соли 2022 (538) боз 30 тани дигар афзудааст.
Раҳбари ин ниҳод мегӯяд, "алиментгурезоне", ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, онҳо мавриди пайгарди байналмилалӣ эълон мешаванд, ки онҳоро мақомоти ВКД бармегардонад.
Саидвализода мегӯяд, соли 2023 ба Хадамот 10 ҳазору 912 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин дар маҷмуъ 102 141 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён мавриди иҷро қарор дорад.
"Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 33,3 млн сомонӣ ситонида шудааст",- афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод мегӯяд, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ҳамин замина саркашӣ накардани онҳо аз пардохти алимент, оид ба ворид намудани қарздорон ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати баромада нарафтани онҳо аз ҳудуди Тоҷикистон суҳбату таблиғоти густурда роҳандозӣ кардааст.