ИИАО таъсиси хонаҳои тиҷорӣ дар Эрон ва дигар давлатҳоро баррасӣ мекунад

Дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешниҳод шуд, ки ҳамкориҳои иқтисодиро бо шарикон ва кишварҳои нав вориди ҳамкорӣ шуда бештар тақвият диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Ташаббуси таъсиси хонаҳои савдои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Эрон ва дар қаламравҳои дигар кишварҳои шарики ояндадорро таҳия кардан зарур аст.
Дар ин бора вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев зимни суханронии худ дар ҳамоиши байналмилалии "Русия-2030 ва тартиботи нави иқтисодии ҷаҳон: омилҳои асосӣ ва нақши тиҷорат", ки дар доираи Ҳафтаи тиҷорати Русия 2024 дар Русия баргузор шуд, изҳор дошт.
Мавсуф ёдовар шуд, ки дар натиҷаи имзои як созишномаи тиҷорати озод бо Эрон дар авохири соли гузашта шароити истисноии дастрасӣ ба бозори ин кишвар ба даст омадааст.
"Дар замони созишномаи муваққатӣ мо аллакай ҳаҷми савдоро ду баробар зиёд кардем. Интизорем, ки баъди эътибор пайдо кардани созишномаи доимии мо ин дучандшавиро дар муддати кутоҳ такрор мекунем. Умедворем, ки давоми тақрибан се сол ба 12 миллиард доллар расида, тиҷорати худро бо Эрон дар муқоиса бо 6 миллиард доллари феълӣ ба 18-20 миллиард афзоиш медиҳем”,- афзуд мавсуф.
Таҳлилгар: Бурд аз ИИАО ба ҳаддест, ки ИМА ва Аврупо ҳеч гоҳ дода наметавонанд - видео
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Андрей Слепнев, танҳо мавҷудияти як созишномаи тиҷоратӣ кофӣ нест, то билофосила афзоиш ёбад.
Дар робита ба ин, ӯ ба ташаббуси ифтитоҳи хонаҳои савдо, ки Иттиҳодияи саноатчиён ва соҳибкорони Русия аллакай борҳо ба он шурӯъ кардааст, таъкид кард.
"Мо бояд якҷоя фикр кунем, ки ин ташаббусро чӣ гуна дуруст сохтор кунем. Мо ба бозорҳои мураккабе ворид шуда истодаем, ки дар он ҷо равишҳои ғайристандартӣ лозиманд",- қайд кард вазири савдои ЕЭК.
Дар робита ба ин, Андрей Слепнев хабар дод, ки гуфтушунидҳо оид ба тиҷорати озод бо Индонезия ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳоло фаъоланд ва КИАО ба ҳосил шудани тавофуқҳои ниҳоӣ бо Миср умед дорад.
Илова бар ин, Комиссия умедвор аст, ки роҳи Ҳиндустонро бо назардошти аҳамияти ин кишвар барои коридори иқтисодии Шимолу Ҷануб пурзӯр кунад.
Алоҳида, ӯ ба муносибатҳо бо Чин таваҷҷӯҳ кард. Аз як тараф, рушди иқтисодии бузургтарин иқтисоди ҷаҳон суст мешавад ва аз тарафи дигар, равобити тиҷорӣ ва иқтисодии Чин ва ИИАО ба таври назаррас афзоиш меёбад.
Нархи маводи сӯхт дар кишварҳои ИИАО чӣ қадар шуд?
Айни замон ИИАО иттилооти дахлдорро таҳлил карда истодааст ва умедвор аст, ки бо шарикони чинӣ барои мувозинати гардиши савдо созишҳо ба даст оранд.
“Дар чаҳорчӯби созишномаи мавҷудаи ғайрифаъолиятӣ бо Чин, мо каме танг шуда истодаем: миқёси ҳамкорӣ аз чаҳорчӯбе, ки дар соли 2015 муқаррар шуда буд, фаротар аст",- гуфт номбурда.
Вай таъкд кард, ки ҳоло вақти муҳокимаи силсилаи сатмҳои ояндадори иқтисодӣ дар ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки он идома дорад.