Тағйироти кадрӣ дар Хадамоти алоқа, КДАМ ва додгоҳ: як нафар худ истеъфо дод

Раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадриро дар ниҳодҳои давлатӣ идома дод, ки ин дафъа дар мақомоти амнияти миллӣ, додгоҳӣ, алоқа ва илм амалӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Муовини аввали раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев, ки дар нишастҳои матбуотии ин ниҳод бештар ба ҷои раисаш Бег Сабур иштирок мекард, аз мақом барканор шуд.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо кард. Дар санад далели барканории Атоев гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст. Ҷои кори нави ӯ феълан маълум нест.
Атоев тайи солҳои охир ба ҳайси муовини аввали Бег Сабур фаъолият карда, дар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла нишастҳои матбуотии ин ниҳод маҳз ӯ иштирок мекард. Фаъолият дар ин соҳа тайи вақтҳои охир ҳам аз ҷониби роҳбарият ва ҳам аз ҷониби аҳолӣ мавриди интиқод қарор гирифта буд.
Тағйироти кадрӣ дар Оҷонсии мубориза алайҳи фасод: президент киҳоро таъйину барканор кард
Инчунин Ҷалолиддин Пириев бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим озод гардидаст.
Бо амрҳои президент, Мумин Шарифзода муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди президент таъйин гардида, Парвиз Муҳаммадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент озод карда шуд.
Инчунин президент истеъфои Қодирӣ Фируз Абдуҷабборро қабул кард, ки бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод карда шуд.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, барои акмили сатҳи забондонӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, таъмини амнияту субот ва волоияти қонун дар мамлакат дастур дод.