ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дороии корхонаи воҳидии давлатии "Амонатбонк" давоми як соли охир қариби 20% зиёд шуда, ба 7,6 млрд сомонӣ сомонӣ расидаст.
Дар ин бора раиси навтаъйини бонк, Алиҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки уҳдадориҳои бонк низ ба андозаи қариб 20% зиёд шудаанд.
Ӯ зикр намуд, ки таваҷҷуҳ ва эътимод, ки солҳои қаблӣ ба низоми бонкӣ баъди муфлисшавии ду бонки низомсоз кам шуда буд, рӯй ба афзоиш ниҳода, пасандози мардуму корхонаҳо дар бонк зиёд гардидаст.
Ба иттилои ӯ, бақияи пасандози шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар "Амонатбонк" зиёд шуда, ба 5,4 млрд сомонӣ расидаст. Ҳаҷми андозҳои супурдаро бонкдор қариби 93 млн сомонӣ гуфт. Вай ҳамчунин ҳаҷми суди пасандозҳои пардохтшуда ба мизоҷонро беш аз 70 млн сомонӣ арзёбӣ намуд.
Афзоиши пасандоз бо вуҷуди он аст, ки ба гуфтаи Салимзода бонк фоизи онро барои нисбатан арзон кардани қарзҳо поин бурда буд.
Дар мавриди қарздиҳӣ иттилоъ дод, ки давоми сол ба 53 ҳазор мизоҷ беш аз 1,1 млрд сомонӣ қарз пешниҳод кардаст, ки бештарашон истеъмолӣ буда, ба саноат ҳудуди 20% рост меояд. Дар маҷмуъ сандуқи қарзӣ 2,2 млрд сомонӣ ва шумори қарзгирҳо беш аз 60 ҳазор нафар ҳисоб шудаст. Аз ин миён ҳудуди 29 млн сомониро қарзи ипотекӣ ташкил додаст.
Вай ҳамчунин мардумро ба пардохтҳои ғайринақдӣ даъват намуд, ки имкон дорад аз тариқи он ҳаққи то 300 хадамот пардохт карда шаваду ҳам вақти мизоҷ сарфа мегардаду ҳам танбашавӣ дар идораю муассисаҳо камтар мешавад.