ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи асалпарварӣ шароит мусоид буда, таъмини тавлидоти шакар ғайриимкон аст.
Ин нуктаро вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, афзуд, ки даст кашидан аз шакар ба суди саломатии аҳолӣ аст.
Вазир маслиҳат дод, ки ба ҷои равона кардани қариб сад млн доллар барои шакари воридотӣ мардум ба асал рӯй оранд.
"Табиати Тоҷикистон барои рушди асалпарварӣ мусоид аст, Худо додаст, мо бояд ин соҳаро рушд диҳем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки дар ҷаласаи махсус бо Пажуҳишгоҳи ғизои ҷумҳурӣ хулоса шуд, ки агар истеъмоли шакарро кам кунем, ин таъсири мусбӣ ба сатҳи зиндагии мардум мерасонад.
Шералӣ Кабир гуфт, соли гузашта ба маблағи 97 млн доллар дар ҳаҷми 145 ҳазор тон шакар ба Тоҷикистон ворид шудааст. Ӯ афзуд, гуногунсамтии воридоти шакар таъмин шудааст, аммо таъминоташ аз ҳисоби дохилӣ имкон надорад.
Вай мисол овард, ки Тоҷикистон, ҳамагӣ 861 ҳазор гектар замини корам аст, ки 69%-аш обию боқимонда лалмӣ, ки барои кишти зироати шакардор, аз ҷумла лаблабу замини кофӣ нест.
Ҳосилнокии лаблабу дар замини Тоҷикистон дар қиёс бо Русия ва Қазоқистон ду баробар кам аст, илова намуд вазир. Роҳи дигар таъминот бо лаблабуи тавлиди кишварҳои дигар низ ба далели хароҷоти интиқол муфид дониста нашуд.