Раҳмон пирӯзии Алиевро шодбош гуфту хостори таҳкими ҳамкориҳо шуд

Номзади ҳизби ҳоким Илҳом Алиев, ки беш аз 20 соли охир зимоми қудрат дар Озарбойҷонро ба уҳда дорад, дар интихоботи ғайринавбатӣ пирӯз эълон гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёми шодбошӣ, президенти Озарбойҷон, Илҳом Алиевро, ки дигарбора ба ин мақом интихоб шуд, табрик кард.
Раҳмон дар паёмаш пирӯзии эътимодбахши Илҳом Алиевро далели боварии баланди ҷомеаи Озарбойҷон ба ӯ ва дастгирии васеъ аз роҳи стратегияш хондаст.
"Интихоби дигарбораи Шумо ба ин маснади олии давлатии Озарбойҷони бародар боз як далели равшани боварии баланди ҷомеаи Озарбойҷон ба Шумо ва дастгирии васеи он аз роҳи стратегии Шумо мебошад", - таъкид кард Раҳмон.
Вай инчунин аз саҳми назарраси шахсии Алиев дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Озарбойҷон гуфта, алоқамандии худро ба рушди ҳамаҷонибаи муносибот баён намудаст.
"Итминон дорам, ки мо дар оянда низ дар баробари пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ҷиҳати ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ба нафъи мардумонамон саъю кушишҳои муштарак анҷом хоҳем дод", - гуфт Раҳмон. .
Тоҷикистону Озарбойҷон ҳамкорӣ дар бахши муқовимат бо коррупсияро тақвият медиҳанд
Илҳом Алиев дар интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Озарбойҷон пирӯз шуд. Бино ба натоиҷи пешакии Комиссияи марказии интихобот, ӯ 92% дарсади ороро ба даст овардааст.
Номзадии Алиевро ба ба интихоботи ғайринавбатии 7 феврал ҳизби ҳоким пешбарӣ карда буд.
Қонуни асосии Озарбойҷон иҷозат медиҳад, ки як кас номаҳдуд номзадияшро ба роҳбарии давлат пешниҳод намояд. Алиев ин кишварро аз соли 2003 раҳбарӣ мекунад. Дар интихоботи соли 2018 ӯ беш аз 86%-и овозҳоро ба даст оварда буд.