Чаро 7 корхонаи саноатӣ дар Гулистон аз кор боз монд? – шарҳи мақомот

Аз ҷумла феълан “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”, “Чархи гандумин”, “Висол - 2010”, “Зарафшон”, “Манфиат”, “Восили тобон” ва “Маҳмуд корм” кор намекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев – Sputnik. Шаҳри Гулистон, собиқ Қайроққум, ки аз минтақаҳои саноатии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, дорои 50 корхона мебошад, ки қисме аз онҳо аз фаъолият мондаанд.
Раиси шаҳри Гулистон, Раъно Ҳошимзода, сабаби фаъол набудани корхонаҳоро шарҳ дод.
Дар феҳрасти корхонаҳои аз фаъолият монда, аз ҷумла “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”, “Чархи гандумин”, “Висол - 2010”, “Зарафшон”, “Манфиат”, “Восили тобон” ва “Маҳмуд корм” ном бурда шуданд.
“Корхонаҳои мазкур бо сабабҳои таъмин нагардидан ашёи хом, муфлисшавӣ, пӯшида натавонистани хароҷоти молӣ давоми солҳои охир аз фаъолият бозмондаанд” - гуфт шаҳрдор.
Ҳошимзода гуфт, ки моликони шуморе аз чунин корхонаҳо барои омӯхтани вазъи бозор машғул буда, талош доранд, ки дубора ба фаъолият пардозанд.
Масъулони ҳукумат мегуянд, ки давоми ду соли охир дар ин шаҳр 14 корхонаи саноатӣ бунёд гардидааст.
Раиси Кӯлоб ба ширкати русиягӣ қариб 2 ҳазор гектар замин дод
Алҳол дар шаҳри Гулистон 43 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъол аст. Давоми соли 2023 ин теъдод корхонаҳо ба маблағи беш аз 4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба як соли гузашта қариб 300 млн сомонӣ зиёд гуфта мешавад.
Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон аз лиҳози ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд баробар ба 16 % қариб аст.