Суғд: Ошкоркунии 7 ҳазор ҳолати қонунвайронкунӣ дар самти андозсупорӣ

Сардори Раёсати андози вилоят мақсади ба ҷавобгарии маъмури кашидани андозсупорандагонро таъсир расондани ба риояи талаботи қонунгузори андоз рабт дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Мақомоти андоз дар вилояти Суғд беш аз 7 ҳазор андозсупорандаро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст
Дар ин бора Абдуқайюм Воҳидов сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуоти ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ӯ гуфт бо ошкор намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, мутобиқи талаботҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз андозсупорандагон ба миқдори 43,4 млн сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
“Аз ҳисоби ҷаримаҳои таиншуда ба буҷети кишвар 39,6 млн сомонӣ ё 91,5 % он ворид карда шудааст", - шарҳ дод, Абдуқайюм Воҳидов.
Ба гуфтаи сардори Раёсати андоз ба ҷавобгарии маъмури кашидани андозсупорандагон танҳо бо мақсади таъсиррасони ба риояти талаботҳои қонунгузории андоз мебошад.
Ҳазорҳо ҳолати андозгурезӣ дар Тоҷикистон ошкор шудааст
Зикр гардид, ки соли 2023 Раёсати андози вилояти Суғд 4931, 9 млн сомонӣ маблағҳои андоз ба буҷети ҷумҳури супурд, ки нисбат ба соли 2022 беш аз 589 млн сомонӣ ё худ 13,6 % бештар аст.
Ёдовар мешаве, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки зимни ҳисоби ҷаримаю боҷу андоз дар Тоҷикистон кор бурда мешавад, аз аввали сол афзоиш ёфт
Аз аввали сол ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ буд, ҳоло ин нишондиҳанда ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар шудааст.