ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вилояти Суғд дар соли 2023 беш аз 26 млрду 51,9 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст.
Дар ин бора Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин нишондиҳанда дар қиболи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ аз 3 млрд сомонӣ бештар буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7%-ро ташкил дод.
Ӯ гуфт, ки даромад дар ин самт метавонист боз бештар шавад, аммо коҳиши нархҳо ба ин монеа эҷод кард.
"Суръати даромадро мо метавонистем ба беш 5 млрд дар сол зиёд кунем, аммо аз сабаби коҳиши нархи металу пахта ва маҳсулоти нонӣ чунин нишондод ба даст наомад", - афзуд раиси вилоят.
Ба таъкиди вай, ҳарчанд истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида бошад ҳам, аммо зиёда аз 2 млрд сомонӣ аз ҳисоби коҳиши нарх кам пул ба даст овардаанд.
"Агар нархҳо тағйир намеёфт дар вилоят маҷмуи маҳсулоти саноатӣ то 120% солона таъмин мегардид",- афзуд Аҳмадзода.
Вай дар идома гуфт, ки дар ин давра таваҷҷуҳ ба маҳсулоти воридотивазкунанда ва содирот равона шуда, 1,3 милн семент, беш аз 1,4 млн ангиш, 291,8 ҳазор тонна орд, 6 ҳазор тонна равғани растанӣ, 60 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 7,3 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ дар вилоят истеҳсол шудааст.
Тибқи нақша қарор аст, ки то ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар дар минтақа 700 корхона бунёд шавад, ки аллакай дар соли 2023 150 корхонаю коргоҳҳо бо 3 ҳазор ҷойи кор ба истифода дода шуд.
Аҳмадзода гуфт, ки дар соли 2023 нишондиҳандаи кутомуддати рушди минтақавиро ба 35,2 млрд сомонӣ ва рушди афзошро ба 108,3% баробар кардааст.