Аз донишҷӯён то кормандони ВКД ва КДАМ: боздоштҳо барои нашъаҷаллобӣ дар Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовар арқоми шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишвар ба ҷурмҳои марбут ба маводи мухаддирро эълон кард.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев - Sputnik. Қочоқбарон дар қиёс ба қаламрави Тоҷикистон бештар дар хориҷ аз Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Дар ин бора Муъминшо Муяссаров, сардори Раёсати иттилоотию таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовар зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки тайи соли 2023 чаҳор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир шудаанд.
“Ягон нафар аз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир нашудааст. Аз чаҳор нафар се нафар – ду нафар дар Хатлон ва як нафар дар Бадахшон - аз кормандони ВКД ва як нафари дигар корманди нерӯҳои марзбонӣ ҳастанд”, - гуфт Муяссаров.
Тибқи иттилои Агентӣ, дар соли 2023, 706 шаҳрванди Тоҷикистон барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шуда, ҳоло дар муассисаҳои ислоҳотӣ барои адои ҷазо қарор доранд.
Аз инҳо 13 нафар зан, 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ, 4 нафар ноболиғ ва се нафар донишҷӯ ҳастанд.
Шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон (4 нафар), Ӯзбекистон (4), Қирғизистон (2), Покистон (1) ва Русия (1) мебошанд.
Агентӣ ду шаҳрванди Қирғизистонро боздошт кардааст, ки яке зан аст.
Мусодираи беш аз 5 тонна маводи мухаддир дар Тоҷикистон: гардиши героину ҳашиш зиёд шуд
Дар соли 2023 фаъолияти 41 (2022 – 37) гуруҳи ҷиноӣ дар ҳайати 77 (2022-89) нафар, аз ҷумла як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шудааст.
Тибқи иттилои ини ниҳод, дар ин муддат 866 шаҳрванди Тоҷикистон, аз он ҷумла 31 зан дар хориҷи кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шуда, аз онҳо дар умум 419,5 кило маводи нашъадор мусодира шудааст.
Аз ин шумора дар Русия 785 нафар (122 кг), Қазоқистон 41 нафар (20 кг), Ӯзбекистон 39 нафар (265 кг) ва Қирғизистон 1 нафар (11,7 кг) боздошт шудаанд.