Боздошти раҳбар ва муҳосиби ширкати "Сипар Ком" барои миллионҳо зарар ба давлат

Ҳамакнун масъулини ширкатро барои пинҳонкорӣ ва сохтакорияш ҷаримаҳои ҳангуфт ва ё маҳрум сохтан аз мансабҳои муаян ва озодӣ интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон ду масъули баландпояи ширкати сохтмонии ҶДММ "Сипар Ком"-ро дастгир кардааст.
Ба гузориши дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшудаҳо С.А директори корхона ва М.Ҳ сармуҳосиби он мебошанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти саркашӣ аз супоридани андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ заданд.
Ин ниҳод мегӯяд, номбурдагон аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бо мақсади саркашӣ аз пардохти андозҳо, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намудаанд.
Таъкид шудааст, ки масъулини ширкат дидаю дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ё декларатсияи андоз маълумоти таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот дохил намуда ба Нозироти андози ноҳияи И. Сомонии пойтахт супоридаанд.
Аз "Тоҷиктелеком" то "ТАЛКО": Раҳмон аз қарздорони калон гуфту вазъро ташвишовар хонд
Онҳо бо ин амалкард ба давлат ба маблағи наздики 8,9 млн сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи зиёда аз 13,3 млн сомонӣ зарари моддӣ дар ҳаҷми махсусан калон расониданд, мегӯяд оҷонсии зидди фасод
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати раиси ширкат С.А ва сармуҳосиби ӯ М.Ҳ бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди "б" КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Қонуни ҷиноии кишвар барои содир кардани чунин аъмол аз 65,6 то 105 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат ҷазо пешбинӣ мекунад.
Ахиран президенти Тоҷикистон имни суханронӣ аз натиҷаи фаъолияти яксолаи ҳукумат изҳор дошт, ки бақияпулиҳои андозӣ дар соли 2023 боз 77,5 миллион сомонӣ ё 10,6 фоиз зиёд гардидааст.
Ба гуфтаи вай, ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ба ҳолати аввали соли 2024-ум ба 806 миллион сомонӣ расидааст.