ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ба таври қобили мулоҳиза афзудааст.
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майор Самад Зафар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, соли 2023 5 тоннаю 282 килою 814 грам маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати ба соли 2022 ҳудуди 5,8% фоиз ва ё 291 килою 683 грам зиёд мебошад.
Он замон мақомот аз мусодираи 4 тоннаю 991 килою 176 грам аз ин модда хабар дода буданд.
Самад Зафар зикр намуд, ки дар дар ин давра мусодираи маводи нашъаовари героин 73,4% ва ё 178 кило зиёд, гуруҳи бангдона 16,8% ва 631 кило, ҳашиш 19,4% ва ё 696 зиёд шудааст.
Тавзеҳ дода шудаст, ки давоми соли 2023 ҳамагӣ 699 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 688 ҷиноят баробар буд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби ниҳоди зертобеяш фаъолияти 41 гуруҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 77 нафар, ҳамчунин як гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва қатъ карда шуд.
Дар ин давра ҳамчунин 10 фарди дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муаян ва дастгир шудааст.
Раҳбари Агентӣ ҳамзамон гуфт, ки дар ин давра бо мақомоти Русия ду амалиёти муштарак доир карда, аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмуъ 38,4 кило маводи нашъаоварро мусодира кардаанд.