ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар сурати идомаи пойфишорӣ, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо метавонистанд, маблағи барои Маҷористон пешбинишударо низ ба Украина фиристанд.
Ин нуктаро сарвазири Маҷористон, Виктор Орбан дар шарҳи розигияш барои интиқоли кумак ба Украина баён дошт.
Орбан баъди мулоқот бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон ақидаашро дар бораи ҷилавгирӣ аз кумак ба Киев дигар кард.
Нахуствазири Маҷористон дар оғоз ба кумаки 50 млрддолларии Иттиҳодияи Урупо ба Украина мухолиф буд.
"Ман ба девор задам... 26 кишвари узви ИА дар ҳар сурат ба Украина пул мефиристоданд, ки ман онро боздошта наметавонистам", - изҳор дошт ӯ.
Вай афзуд, имкон дошт, кишварҳои иттиҳодия маблағҳои барои Маҷористон пешбинишударо низ гирифта, ба Украина мефиристоданд, ки ин ба гуфтаи Орбан хуб нест.
Сарвазир ҳамчунин афзуд, ки вақт дар тарафи Русия аст, тавозуни нерӯҳо ба нафъи Киев тағйир нахоҳад ёфт, аммо Иттиҳодияи Аврупо баръакс фикр мекунад.
Қаблан Виктор Орбан барориши 50 млрд евро барои Украина дар 4 соли ояндаро манъ кард, аммо баъдан розӣ доду маблағҳо равона хоҳанд шуд.