Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки баромади худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа анҷом дод, ба Ватан баргашт.
Мунтахабро мақомдорони бахши варзиш, намояндагони шаҳрдорӣ, рӯзноманигорон, мухлисону наздикони бозигарон пешвоз гирифтанд.
Сармураббӣ Петр Сегрт гуфт, тим бо сари баланд ба Ватан баргашт.
Сегрт бо изҳори ташаккур аз бозигарон гуфтааст, ки ҳама нерӯро дар майдон сарф карданд.
Мунтахаби Тоҷикистон ҳамакнун чун яке аз беҳтарин дастаҳои Осиё ба Ватан баргашт.
Мухлисон онҳоро бо парчаму шиорҳо пешвоз гирифтанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин ширкати худ дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ бозӣ анҷом дода, ба даври чорякниҳоӣ баромад. Яке аз голҳои калидиро Ваҳдат Ҳанонов зад.
Тоҷикистон бо шумо ифтихор дорад, хитоб карданд мухлисон ба бозигарон.
Дар миёни пешвозгирандаҳо инчунин мухлисони наврасу кӯдакон низ зиёд буданд.
Инчунин фурсат шуд, ки ҳаводорон соядасти футболбозони кишварро ба даст оваранд.