ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубоев аз Тоҷикистон дидан мекунад.
Қарор аст, ки сафари расмии ӯ ба ҷумҳурӣ рӯзҳои 4 ва 5 феврал сурат бигирад.
Ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасдиқ кард.
Сафар бо даъвати вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин сурат мегирад.
Мушаххас шудааст, ки дар чорчӯби ин сафар Қулубоевро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.
Музокироти вазири Қирғизистон бо Сироҷиддин Муҳриддин низ сурат гирифта, раҳбарони вазоратҳои хориҷа масоили кунунии равобити Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Қаблан даври навбатии музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ дар Суғд сурат гирифт.
Ҷонибҳо дар қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатӣ корҳои саҳроӣ анҷом доданд.
Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷабборов борҳо масъалаи марзбандиро баррасӣ карда, ба ҳалли тезтари он ишора мекунанд.
Раванди гуфтушуниди Душанбе Бишкек барои ҳалли ин масъала чанд соли ахир фаъол идома дорад. Вохурихо бо навбат дар ҳудудҳои ҳар ду ҷумҳуриҳо барпо мегарданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 90% ё ҳудуди 875 километри хатти сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътироф шудааст. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.