Мунтахаби Тоҷикистон бармегардад: Сегрт гуфт, сарбаландона меоянд

Мутахассиси хорватӣ аз рушди футболи тоҷик гуфта, ба садгонаи дастаҳои ҷаҳонӣ шомил шудан дар рейтинги ФИФА-ро аз дастовардҳои хуби охирин хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон дар рақобат бо тими Урдун фурсатҳои хуб дошт, аммо амалӣ карда натавонист.
Дар ин бора сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт бо натиҷагирӣ аз бозии ахирашон дар Ҷоми Осиё-2023 изҳор дошт, хабар медиҳад ФФТ.
Ӯ бо изҳори ташаккур аз бозигаронаш гуфтааст, ки ҳама нерӯро дар майдон сарф карданд, аммо урдуниҳо пурқувватӣ карданд.
Вай афзуд, дастаи Тоҷикистон ҳоло ба хона бармегардад, вале мо бо сари баланд ба Ватан бармегардем.
Сармураббӣ яке аз сабабҳои бохтро дар ибтидо аз даст додани ҳамлагари калидӣ номид.
"Ин вазъият моро аз хати кашидаамон берун кард. Бозигаре, ки ба ҷойи ҳамлагари маҷрӯҳшудаи мо баромад, барои вориди бозӣ шудан фурсат наёфта, майдонро тарк кард",- афзуд мутахассис.
Номбурда гуфт, ки мо дар Ҷоми Осиё имкониятҳои маҳдуд доштем, аммо бо боварӣ мегӯям, ки имрӯз футболбозони мо то дақиқаҳои охирин мубориза бурданд
Федератсия футболи Тоҷикистон хабар дод, ки мунтахаби кишвар шаби 3 феврал ба ватан бармегардад.
Тоҷикистон Ҷоми Осиё - 2023-ро бо нишондоди таърихӣ тарк мекунад
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 панҷ вохӯрӣ анҷом дод. Дар марҳилаи гурӯҳӣ бар тими Лубнону АМА пирӯз омада, аз дастаи Қатар шикаст хӯрданд ва бо тими Чин мусовӣ карданд.
Дар даври 1/4 ниҳоӣ футболбозони тоҷик аз тими Урдун шикаст хӯрданд ва мубориза дар Ҷоми Осиё - 2023 барои онҳо анҷом ёфт.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин баромади худ дар Ҷоми Осиё-2023 ба қатори ҳаштгонаи беҳтарини қитъа ворид шуд.