ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 0:1 аз тими Урдун шикаст хӯрда, Ҷоми Осиё-2023-ро тарк мекунад.
Натиҷаи сабқатро ягона автогол, ки Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 66-уми бозӣ ба дарвозаи худ ворид кард, муайян намуд. Мунтахаби Урдун ба даври нимниҳоӣ мегузараду тими Тоҷикистон таърихсозӣ карда, ба Ватан бармегардад.
Тими мунтахаби Тоҷикистон, ки барои аввалин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта буд, то марҳилаи ҷаҳорякниҳоӣ расид.
Дар роҳ то ба ин марҳила футболбозони тоҷик бархе аз тимҳои пурқуввати минтақа, аз ҷумлаи Чину Имороти Муттаҳидаи Арабиро шикаст доданд.
Тимро ҳузурӣ беш аз ҳазор нафар, аз ҷумла президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ дар варзишгоҳ дар Доҳа мухлисӣ мекарданд.
Дар оғози бозӣ Рустами Эмомалӣ ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан ва дар қатори ҳашт дастаи беҳтарин ҷой гирифтанро барои тими дастоварди бузург номид.
Ӯ афзуд, ки тим бо баромади худ дар Ҷоми Осиё дили миллионҳо мухлисро дар Тоҷикистон ва берун аз он ба даст овард.