Ҷаримабандии 4 ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон барои сифати пасти хизматрасонӣ

Ҷарима бастани ширкатҳо дар пайи гузаронидани мониторинг дар системаҳои коммутаторӣ ва идоракунии шабакавӣ дар саросари кишвар анҷом шудааст
Sputnik
Душанбе, 2 фев - Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чаҳор ширкати мобилиро ба поён рафтани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ муттаҳам ва онҳоро ҷарима баст.
Тибқи иттилое, ки Хадамоти алоқаи кишвар дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, мониторинг бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумат дар бораи таъмини хизматрасониҳои алоқаи барқӣ бо сатҳу сифати баланд, хусусан хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ сурат гирифт.
Камбудиҳои техникии ҷиддӣ дар кори 4 ширкати бузурги мобилӣ ошкор шудаст, ки яке аз омилҳои асосии поён рафтани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ шуда истодааст, гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои Хадамоти алоқа, гурӯҳи корӣ муайян кардааст, ки дар системаи алоқаи мобилӣ на ҳамаи истгоҳҳои базавӣ ва таҷҳизотҳои нақлиётии шабакавӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Афзоиши даромади сохторҳои соҳаи алоқа дар Тоҷикистон
“Дар робита бо ҳар ҳолати камбудӣ, корношоямии таҷҳизот ва дигар элементҳои шабакавии алоқаи мобилӣ ва иҷро нагардидани шарту талаботи шартномаҳои иҷозатномавӣ аз ҷониби оператор ҷаримаҳои маъмурӣ таъин карда шуданд”, - гуфт манбаъ.
Таъкид шуд, ки ба хотири бартараф кардани камбудиҳои ҷидии техникӣ ба роҳбарият ва масъулини операторони алоқаи мобилии кишвар 7 руз муҳлат дода шуд, ки дар ин муддат бояд тамоми системаҳо ва таҷҳизоти мавҷудбудаи шабакаҳои алоқаи мобилӣ бенуқсон ва мутобиқ бо шарту талаботҳои шартномаҳои иҷозатномавӣ фаъолият намоянд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон се моҳ ба ин сӯ тибқи нақша-чорабиниҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат мониторинг ва санҷиши ҳолати коршоямии таҷҳизот ва системаҳои шабакавии операторони алоқаи мобилиро анҷом медиҳад.
Ин ниҳод гуфт, дар сурати муайян шудани камбудиҳо ва дар ҳолати корношоямӣ ва ғайрифаъол қарор қарор доштани истгоҳҳои базавӣ ва таҷҳизоти шабакавӣ ва риоят накардани шарту талаботи шартномаи иҷозатномавӣ, нисбати субъекти дахлдор, чораҳои шадидтар андешида хоҳанд шуд.