ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тоҷикистон соли 2023 воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дод.
Ҷумҳурӣ дар ин давра 1 млн 413 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ аз хориҷи кишвар харидорӣ кардааст.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, змини нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки нишондиҳандаҳои воридоти нафту гази моеъ ба кишвар дар ин давра нисбат ба соли 2022 беш аз 164 ҳазор тонна ва ё 13,1% зиёд аст.
Ӯ афзуд, ки аз маҳсулоти воридшуда:
сӯзишвории автомобилӣ 348 ҳазору 141 тонна;
сӯзишвории дизелӣ 436,517;
сӯзишвории реактивӣ 70160;
мазут 22770;
битум 43384;
равғанҳои молиданӣ 19786;
дигар намуди маҳсулоти нафтӣ 1598;
кокси нафтӣ 60326;
гази моеъ 410 ҳазору 975 тоннаро ташкил медиҳад.
Тибқи нишондиҳандаҳои Вазорати энергетика воридкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон Федератсияи Русия аст, 896 ҳазор тонна аз ҳаҷми умумӣ ба он рост меояд.
Бар асоси омори вазорат, сӯзишвории автомобилӣ 342,6 ҳазор тонна, сӯзишвории дизелӣ 382,8, сӯзишвории реактивӣ 35,6, гази моеъ 79,8 ҳазор тонна ва дигар маҳсулоти нафтӣ аз Русия ворид шудааст.
Далер Ҷумъа ҳамзамон қайд кард, ки дар дохили Тоҷикистон низ дар ин давра 18 ҳазор тонна маҳсулоти нафти истеҳсол шудааст.
Мавсуф таъкид кард, ки дар бозори воридоти ин маҳсулот ба кишвар 290 корхона саҳм дорад.
Дар ҳамин ҳол вай гуфт, ки чунин миқдори ширкатҳои воридотӣ дар бозор рақобатро таъмин ва вазифаи ниҳоди зертобеяш ворид кардани миқдори зарурии маҳсулоти мавриди ниёз аст.