ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ширкати русии "Росатом" корҳои безараргардонии мавзеъҳои партовҳои радиоактивӣ дар вилояти Суғдро идома медиҳад.
Дар ин бора раиси шаҳри Истиқлол Қаюм Маҳмудзода дар нишасти матбуотияш хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, партовгоҳҳо дар шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон ҷойгир буда, дар онҳо миллионҳо тонна партовҳои радиоактивӣ мавҷуданд.
Маҳмудзода гуфт, дар мавриди ин тарҳ бо намояндагони ширкати русии “Росатом” музокирот сурат гирифта ва қарор аст, корҳо соли 2024 оғоз шавад.
"Ҳоло дар ноҳияҳои Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров ва Адрасмон беш аз 36 миллион тонна маводи радиоактивӣ мавҷуд аст",- гуфт мавсуф.
Чунин майдонҳо ба гуфтаи вай, дар солҳои 1945-1970 дар доираи коркарди уран сохта шуда буданд.
Раиси Истиқлол таъкид кард, ки иҷрои чунин корҳо барои рушди истеҳсолоти экологӣ, ҷалби сармоя ва беҳбуди вазъи зиндагии сокинони маҳаллӣ хеле муҳим аст.
Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи соли 2023 дар Истиқлол тарҳи хокпӯшкунии партовгоҳ дар мавзеи Табошар, яке аз бузургтарин конҳои урани СССР ба анҷом расида буд.
Ҳамакнун тибқи созиши ҳосилшуда партовгоҳҳои “Табашар 3”, “Деҳмой” ва “Адрасмон” безарар гардонида мешаванд.
Партовгоҳҳои радиоактивӣ, ки онҳоро "гӯристонҳои уран" ном мебаранд, замони коркарди маводи уран дар собиқ "Восторкредмед", ки айни ҳол "Фулузоти нодири Тоҷикистон"-и шаҳри Бӯстон (Чкалови пештара) , дар қарни гузашта ба вуҷуд омада, дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Истиқлол ҷойгир шудаанд.
Тибқи иттилои расмӣ алҳол чунин партовгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои Адрасмон, Истиқлол ва Бобоҷон Ғафуров мавҷуданд. Дар умум замини чунин партовгоҳҳо 200 га буда, дар онҳо кам ё беш аз 50 млн тон пасмондаҳои радиоактивӣ ҷойгир шудаанд. Қарор аст корҳои безараргардонии ин партовгоҳҳо низ шурӯъ шавад.