ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Дар дидори намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо масъулини вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия таъкид шуд, ки дар соли хониши соли 2023-2024 9567 нафар ҷавонон аз Тоҷикистон таҳсилоти худро дар муассисаҳои олии Русия идома медиҳанд, иттилоъ додааст сафорати кишвар.
Ҳамчунин дар ин дидор мавзуъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илму маориф, фарҳангу варзиш, инчунин шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии Русия, тақвияти ҳамкорӣ байни мактабҳои олии ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин дидор тарафҳо роҷеъ ба зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон намояндагони Сафорат барои ташкил ва баргузории озмуни "Донишҷӯи сол — 2023" байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил менамоянд, инчунин дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия изҳори сипос намуданд.
Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола тибқи бурсияи ҷудошуда аз ҷониби Русия шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар риштаи бакалавриат ва магистратура ба донишгоҳҳои Русия қабул мешаванд.
Шумораи донишҷӯён ва шунавандагон дар донишгоҳҳои мухталифи Русия, ба монанди Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия, Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи давлатии Пенза, Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Георгий Плеханов ва ғайраҳо зиёд мушоҳида мешавад.
Намояндагони Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия барои тақвият додани ҳамкорӣ дар баргузории ҳар гуна чорабиниҳо дар самти сиёсати дастгирии ҷавонон, доир намудани барномаҳои фарҳангию варзишӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Дар маҷмуъ 28 728 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси донишҷӯ дар Русия таҳсил менамоянд, ки нисбат ба соли 2022 550 нафар зиёд мебошад.