Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандаш дар ҳамла ба калисои католикии Истанбулро меомӯзад

Дар доираи қазия умуман 47 нафар дастгир шуда, аммо гумонбарони асосӣ як тоҷикистонӣ ва дигаре шаҳрванди Русия гуфта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандаш дар ҳамла ба калисои католикӣ дар Истанбулро меомӯзад.
Дар бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Шоҳин Самадӣ ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки дар робита ба муттаҳамсозии шаҳрванди Тоҷикистон дар ин қазия барои муайян кардани шахсияти шаҳрванди ҷумҳурӣ ба мақомоти Туркия дархости расмӣ ирсол шудааст.
"Сафорати мо барои рӯшан кардани ҳама ҳолатҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия робитаи зич дорад", - афзуд ин ниҳод.
Яке аз муттаҳамони ҳамла ба калисои католикӣ дар Истанбул шаҳрванди Тоҷикистон будааст.
Расонаҳои туркӣ аз қавли вазири корҳои дохилии ин кишвар, Алӣ Ерликая хабар доданд, ки яке аз муттаҳамони ҳамла ба калисои католикӣ дар Истанбул шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Эрон: Аз ду террористи кушташудаи интиҳорӣ дар Кирмон, як нафараш тоҷикистонӣ буд
"Дар доираи тафтишоти парвандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба калисо дар 30 суроға амалиёт гузаронида шуда, 47 нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Тоҷикистон дастгир карда шуданд", - навиштааст РИА "Новости".
Ин ниҳод мӯътақид аст, ки онҳо аъзои Давлати исломӣ* ҳастанд.
Ба иттилои манбаъ, ду гумонбари аслии ҳамла боздошт шуда, мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
Масъулияти ҳамлаи 28 январро, ки як кушта барҷой гузошт, созмони террористии ДИИШ* ба уҳда гирифтааст.
*ДИИШ-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст