ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар масири Душанбе - Чаноқ шаби 28 январи соли ҷорӣ соати 23:00 15 маротиба фаромадани тарма ба қайд гирифта шудаст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода, гуфтааст, ки он дар километри 57 то 63-юми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб сар зад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин субҳи имрӯз 29-уми январ низ соати 06:50 ба вақти маҳаллӣ дар километри 63-юми ин роҳ барфкӯчӣ сабт шуд.
"Бар асари фаромадани тарма талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ба хотири ҳифзи ронандагону мусофирон ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз ду ҷониб муваққатан қатъ шудааст",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ таҷҳизоти махсуси хадамоти роҳдории ширкати Innovative Road Solutions (IRS) истифода шудааст.
КҲФ ҳушдор медиҳад, ки дар роҳҳои кӯҳии Суғд, НТМ, ВМКБ бинобар боришот хатари тармафароӣ, сангрезӣ, ярч ва ҳодисаҳои яхбандӣ боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки то ҳадди имкон аз сафар аз манотиқи осебпазиру хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, моҳидорӣ ва шикор дар ин рӯзҳо худдорӣ кунанд.
КҲФ аз ронандагон даъват мекунад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар аз вазъи роҳҳо огоҳ шаванд, воситаҳои нақлиётро бо таҷҳизоти зарурӣ барои ҳаракат дар шароити бориши барфу яхбандӣ таъмин кунанд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд.
Ин ниҳод мегӯяд, хатарот то рӯзи 31 январ боқӣ мемонад.