Гармӣ меояд: тантанаҳои бошукуҳ ба ифтихори иди Сада дар Душанбе - видео

Дар боғи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон ҷашни аслӣ бо таърихи бостонӣ баргузор шуд, ки сокинони маҳаллӣ дар он зимистонро зебо гусел карданд
Sputnik
Дар Душанбе таҷлили бошукуҳи ҷашни бостонии Сада доир шуд, ки дар он хабарнигори Sputnik Тоҷикистон низ ширкат кард.
Тантанаҳои идона дар боғи ба номи Фирдавсӣ баргузор шуда, дар он сокинону меҳмонони пойтахт бо либосҳои миллӣ ширкат карданд.
Дар фазои идона имкон пайдо шуд, ки деҳқонон ниҳолу тухмиҳои худро пешкаш кунанду хоҳишмандон аз онҳо дидан ва харидорӣ намоянд.
Сада мероси ғайримоддии башарият эътироф шуд
Сада, пеш аз ҳама, иди онҳоест, ки дар саҳро меҳнат мекунанд — деҳқонон, заминдорон, ки аз ҳоло ба омода кардани замин барои кишт шуруъ мекунанд.
Ин ҷашн аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад.
Оташ рамзи дигари ид аст, ки гармиро меорад. Таъкид шудааст, ки дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон, Ҷашни Сада чун рамзи гармиву рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад.
Ҷашни Сада соли 2023 ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд,