Раҳмон тоҷикистониёнро бо Сада шодбош гуфт

Ҷашни Сада дар қатори Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон аз даврони қадим то ҳол бо як силсила одобу суннатҳо, расму ойинҳо ва донишу таҷрибаҳои кишоварзӣ омада расидаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо ҷашни Сада, ки ба яке аз ҷашнҳои муҳимми миллӣ табдил ёфтааст, шодбош гуфт.
Ӯ зикр кард, ки ниёгони тоҷикон ҳанӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл аз ин ба ҳунармандиву косибӣ, истеҳсоли ашёи зарурии рӯзгор ва корҳои кишоварзиву боғдорӣ машғул буда, барои ҳар як фасли сол иду маросим ва одатҳои махсус доштаанд.
"Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст, ки то ҳанӯз дар байни мо – тоҷикон роиҷ буда, кишоварзон тибқи он рӯзу моҳу фаслҳоро ҳисоб мекунанд ва дар корҳои деҳқонии худ истифода мебаранд", - зикр намуд Раҳмон.
Тоҷикистон ният дорад 12 ёдгории таърихӣ ва фарҳангиро ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намояд
Вай тавзеҳ дод, ки мувофиқи тақвими чиллашуморӣ аз 22-юми декабр чиллаи калон шурӯъ мешавад ва шаби даромадани чилла бо номҳои "Шаби чилла" ва "Шаби ялдо" ҷашн мегирифтанд.
Баъд аз анҷоми чиллаи калон, ки ба 30 январ рост меояд, ҷашни Садаро баргузор мекарданд, яъне ба ҳисоби мардум чиллаи калон давраи авҷи сардиҳо мебошад, афзуд ӯ.
Ба гуфтаи президент, Сада рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад.
"Ин аст, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломативу тандурустиву рӯйсурхӣ кардан мебошад, ки то кунун дар байни мардуми мо чун маросими "аловпарак" маъмул аст", - зикр кард Раҳмон.
Пас аз таҷлили ҷашни Сада деҳқонон аз фароғати зимистона берун омада, дар андешаи мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ мешуданд, изҳор дошт президент.
Ба ифтихори ҷашни бостонии Сада Эмомалӣ Раҳмон, ба хонадони ҳар як фарди Тоҷикистон тандурустӣ, бахту саодат ва иқболи баланд орзу кард.