ФФТ хостори таъсиси дастаи нави касбӣ дар Данғара шуд

Комиссияи вижаи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ноҳияи Данғара дидан намуда, бо раиси он рушди соҳа, аз ҷумла ташкили тими касбиро баррасӣ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи дастури Рустами Эмомалӣ аз Данғара боздид кард.
Гуруҳ таҳти роҳбарии ноиби президенти ФФТ, Алишер Урунов бо раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон мулоқот анҷом дода, омодагии дастаи “Сомон”-и ноҳия барои иштирок дар Лигаи якум ва таҷдиди варзишгоҳи марказиро баррасӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи таъсиси дастаи касбии футзали Данғара баррасӣ шудааст, чун инфрасохтори зарурӣ барои рушди он дар ноҳия вуҷуд дорад.
Зикр гардидаст, ки маҷмааи варзишии ҷавобгӯ ба талаботҳои футзали касбӣ дар Данғара фаъолият дорад, ки имкон дорад, мусобиқоти муҳими футзалро мизбонӣ намояд. То ҳол бозиҳои ниҳоӣ асосан дар Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешуданд.
Сармураббии дастаи "Вахш" маълум шуд: Ӯ кист?
Боздидҳои комиссия аз шаҳру навоҳӣ дар ҳоле сурат мегиранд, ки ахиран президенти ФФт, Рустами Эмомалӣ вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳуриро интиқод кард.
Роҳбари ФФТ ҳамчунин дастур дод, ки барои ҷалби мухлисон ба варзишгоҳҳо ва ташкили бозиҳои шавқовар барои ҳавасмандии онҳо дар бозиҳои чемпионат чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Рустами Эмомалӣ аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, тоҷирон ва хайрхоҳон даъват кард, ки ба рушди футбол дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, на танҳо бошгоҳҳо, балки дастаҳои футзал, ҷавонон ва занонаро низ дастгирӣ намоянд.