ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сабаби вазъ дар марз рӯй ба нобудӣ овардааст ва мемирад, гуфт президенти собиқ Доналд Трамп дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Невада.
"Кишвари мо мемирад. Сарҳади мо боз аст. Ин захми кушода аст. Чунин ҳеҷ гоҳ қаблан рух надода буд", - таъкид кард Трамп.
Дар баробари ин вазъ метавонад танҳо бадтар шавад, ҳушдор дод сиёсатмадор.
"Мо мунтазири он ҳастем, ки фалокат рӯй диҳад", - таъкид намуд собиқ раисҷумҳур дар хитоб ба тарафдоронаш.
Ҳушдор дар ҳоле садо дод, ки Гвардияи Миллии Техас барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар наздикии марз бо Мексика симхор насб кардааст.
Маъмурияти Ҷо Байден ба Додгоҳи Олӣ шикоят кард, ки он амр дод, ки симхор барканда шавад. Бо вуҷуди ин, нерӯҳои амниятии иёлот дастрасӣ барои нерӯҳои федеролиро манъ карданд.
Губернатор Эббот, дар навбати худ, дар бораи "ҳуҷум"-и муҳоҷирон ва чораҳои муҳофизати худ эълон кард.
Ба гуфтаи вай, Техас сиёсати худро пеш мебарад, зеро мақомоти кишвар аз ӯҳдаи ҳифзи сарҳад намебароянд. Иттифоқи касабаи посбонщои сарҳадӣ дар ин муноқиша аз Техас ҷонибдорӣ кард.
Иёлат аллакай қонуне дорад, ки ба он имкон медиҳад, ки афроди гумонбар дар убури ғайриқонунии марзро боздошт, ба ҷавобгарӣ кашад ва зиндонӣ кунад ва инчунин бо ҳукми додгоҳ онҳоро аз кишвар ихроҷ кунад.
Амалҳои Эбботро ҳокимони ҷумҳурихоҳи 25 иёлати Амрико пуштибонӣ карда, изҳороте нашр карданд, ки дар он Байденро ба надоштани майл барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ муттаҳам карданд.
Сарони иёлатщои Оклахома ва Флорида эълон карданд, ки тайёранд гвардияи миллиро ба Техас фиристанд. Илова бар ин, Трамп аз тасмимҳои Эббот пуштибонӣ кард.