ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон истифодаи маблағҳои буҷа дар ҷумҳуриро хеле ташвишовар хонд.
Ӯ мегӯяд, соли 2023 аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо дар самти хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба як қатор камбудиҳо роҳ додаанд.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи васеи ҳукумат бо натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи он изҳор дошт.
Вай афзуд, ки тибқи санҷишҳои Палатаи ҳисоб ва Оҷонсии зидди фасод зарари молиявӣ дар ҳаҷми 672 миллион сомонӣ ошкор гардидааст.
Аз ҳаҷми умумии зарари молиявии ошкоргардида 660 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 504 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
"Илова бар ин, аз ҷониби мақомоти прокуратура дар соли сипаригардида зарари молиявӣ дар ҳаҷми зиёда аз 461 миллион сомонӣ муайян ва ба буҷети давлат барқарор гардидааст", - гуфтааст раисҷумҳур.
Дар пайи ин камбудиҳои ошкоршуда, сарвари давлат дастур дод, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф карда, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетиро таъмин намоянд.
Мақомот дар гузашта гуфтанд, ки маблағҳои ошкоргардида аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруф, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.