Маскав аз ИДМ даъват кард, ки мисли ИИАО пардохтҳоро бо пули миллӣ афзоиш диҳад

Тадбирҳои афзалиятноки рафъи маҳдудиятҳо аз таҳримҳои Ғарб гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ ва пули миллии кишварҳои дӯст буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) зарур аст, ки ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллиро дар тиҷорат зиёд кунанд.
Чунин чораҳо бояд дар мисоли ИИАО дар пасманзари таҳримҳои Ғарб андешида шаванд.
Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин дар Минск зимни нишасти намояндагони доимии ИДМ изҳор дошт.
"Тадбирҳои Ғарб ба таври ҷиддӣ кӯшиш мекунанд, ки ин соҳаро халалдор кунанд (пардохтҳои содиротӣ - воридот - таҳ), ин ба таҷдиди инфрасохтори пардохти мо, ҷорӣ кардани механизмҳои нави пардохт оварда расонд",- гуфт Панкин.
Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти аввалиндараҷаи рафъи маҳдудиятҳо гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ ва пули миллии кишварҳои дӯст буд.
Вай қайд кард, ки тадбирҳои андешидашуда натиҷа медиҳанд ва масалан, дар ИИАО дар давоми 10 моҳи соли гузашта ҳиссаи асъорҳои миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила аллакай аз 90% гузаштааст.
Дар соли 2023 нархҳои истеъмолӣ дар қаламрави ИИАО чӣ гуна тағйир ёфтанд: омор
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар солҳои 2020-2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 4,1% афзуда, ба 2,2 триллион доллар расидааст.
Чунончи, истеҳсоли маҳсулоти саноат 8,3%, аз он ҷумла дар саноати маҳсулоттайёркунӣ 5,7% афзуд. Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 11,8% афзуд.