ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми се рӯзи оянда ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо як ҳушдор ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 26-29 январи соли 2024 боришоти борону барф, шамоли сахт дар назар аст.
"Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари тармафароӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва фаромадани туман дар назар аст",- афзудааст манбаъ.
Ҳамин тариқ, дар вилояти Хатлон тайи ин рӯзҳо дар доманакӯҳҳо боришот (борон, барф)пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришот борону барф ва дар бархе манотиқ фаромадани туман дар назар аст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар водиҳои минтақа борон ва ноҳияҳои кӯҳӣ барф хоҳад рехт.
Ҳавошиносон дар қаламрави ВМКБ ҳавои тағйирёбанда ва имкони барфу боронро ҳадс мезананд.
КҲФ мегӯяд, дар пайи боришот тармафароӣ, имкони афзоиши садамаҳо дар шоҳроҳҳо, бахусус дар доманакӯҳҳо ва қитъаҳои кӯҳии роҳҳо аз эҳтимол дур нест.
Илова бар ин, КҲФ ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид ва шамолҳои сахт метавонад ба хатҳои барқ, дарахтон ва боми хонаҳову лавҳаҳои таблиғотӣ осеб расонад.