Муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон вориди Тоҷикистон шуд

Қарор аст муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин ва президент Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, чанде пеш дар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода пешвоз гирифт.
Қайд карда шудааст, ки дар рафти сафари расмӣ номбурда бо ҳамтои тоҷикистонии худ - вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот хоҳад намуд.
“Ҳамчунин дар назар аст, ки Мурат Нуртлеу аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шавад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Тоҷикистон яке аз харидорони асосии гандуми Қазоқистон будааст
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамсоягони нек ва шарикони стратегӣ ба ҳисоб мераванд.
Қазоқистон муҳимтарин воридкунандаи ғаллаву орд, равған ва сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамчунин баъд аз Русия дуюмин кишваре аст, ки шумори зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 гардиши молии дуҷониба ба 1,5 миллиард доллар расид, ки нисбат ба соли 2021 263 млн ё 22,2% зиёд мебошад.