Вакилони парлумон якчанд созишномаро ба тасвиб расонданд

Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, вакилон 4 созишнома ва як лоиҳаро ба тасвиб расонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Ахиран таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ вакилон дар ин ҷаласа созишномаҳои зеринро ба тасвиб расиданд:
Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи "НБО-и Роғун" байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд
Созишномаи истирдод байни Тоҷикистон ва Давлати Қатар,
Созишнома дар бораи бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо байни Тоҷикистон ва Қатар
Созишнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ байни Тоҷикистон ва Қатар
Лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ".
Раҳмон зери чанд қонун имзо гузошт
Қайд гардидааст, ки ин созишномаҳо аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расидааст.