ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Тоҳирҷон Муъминов, собиқ сармураббии дастаи -“Равшан”-и Кӯлоб ба ҳайси сармураббии дастаи лигаи якуми Тоҷикистон – “Вахш”-и Бохтар – таъйин гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин мутахассиси 53-сола ду ҳафта пеш баъди ба итмом расидани шартномаи яксолааш аз вазифаи сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб рафта буд.
“Равшан” соли гузашта бо роҳбарии ин мутахассиси пуртаҷриба нахуст соҳиби Ҷоми олӣ ё Суперкубоки Тоҷикистон гардида, баъдан ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт.
Қаблан хабар дода будем, ки Аҳлиддин Турдиев, мутахассиси 52-солаи тоҷик, сармураббии дастаи "Равшан"-и Кӯлоб гардид.
Тоҳирҷон Мӯъминов, ки 9-уми августи соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, солҳои мухталиф дар дастаҳои “Помир”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Энергетик”-и Душанбе ва “Наврӯз”-и Андиҷони Узбекистон бозӣ кардааст.
Вай аз соли 1992 то 2001 узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон буд.
Тоҳирҷон Муъминов ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои “Энергетик” (Душанбе), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Хайр” (Ваҳдат), “Равшан” (Кӯлоб), ССКА “Помир” (Душанбе) ва "Истаравшан" (Истаравшан), инчунин мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон кор кардааст.
Ин мутахассиси варзидаи футболи тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳайси сармураббии яке аз бошгоҳҳои футболи ин кишвар ифои вазифа намудааст.