Дар соли 2023 нархҳои истеъмолӣ дар қаламрави ИИАО чӣ гуна тағйир ёфтанд: омор

Қазоқистон аз рӯи суръати афзоиши нархи ғизо, молҳои ғайриозуқа ва хизматрасонии пулакӣ дар қаламрави ИИАО пешсаф аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мол ва хизматрасонӣ гарон шуд, иттилоъ додааст департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
"Индекси нархҳои истеъмолии молу хизматрасонӣ дар ИИАО дар моҳи декабри соли гузашта нисбат ба моҳи ноябри соли 2023 100,7 фоиз ва дар моҳи декабри соли 2022 – 107,5 фоизро ташкил дод", - омадааст дар гузориш.
Комиссия қайд кард, ки нисбат ба моҳи декабри соли 2022 нархи хизматрасониҳои пулакӣ дар саросари ИИАО (8,7 фоиз) ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Ҳинд ният дорад, ки бо ИИАО бахши саноатро рушд диҳад
Нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ин давра 7,8 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 6,3 фоиз афзуд.
Болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар қаламрави ИИАО дар Қазоқистон (8,5%) ва Русия (8,2%) ба қайд гирифта шудааст.
Афзоиши бештари нархи маҳсулоти ғайриозуқа дар Қирғизистон (12,2 фоиз) ва Қазоқистон (9,1 фоиз), хизматрасонии пулакӣ дар Қазоқистон (12,4 фоиз) ва Қирғизистон (9,1 фоиз) ба қайд гирифта шудааст.