Дар Душанбе мушкилоту ва сари вақт бунёд намудани НБО “Себзор” баррасӣ шуд

Вазири энергетика ва захираҳои об ширкати "Помир Энерҷӣ"- ро даъват намуд, ки бунёди НБО "Себзор"-ро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ахиран дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон вохӯрии шарикони рушд, ки дар бунёди Нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" иштирок доранд, баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар додааст.
Дар вохӯрӣ сохтмони НБО-и "Себзор", ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа бунёд мешавад, баррасӣ шуд.
Ба хусус дар ин ҷаласа дар бораи мушкилоти мавҷуда дар кор ва роҳҳои ҳалли онҳо, дар муҳлати пешбинишуда, дар доираи буҷет ва мувофиқ ба стандартҳои муосир ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳ табодули назар карда шуд.
Дар ин ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа таъкид кард, ки НБО "Себзор" яке аз лоиҳаҳои асосие ба шумор меравад, ки таҳти назорати Президент ва Ҳукумат қарор дорад ва барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Сафари Раҳмон ба Нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" ва вазифаҳои нав дар пеши масъулин
Ҳамчунин вазири энергетика аз ширкати "Помир Энерҷӣ" даъват намуд, ки дар якҷоягӣ бо мушовири лоиҳа –ширкати "Фихтнер" ва пудратчии корҳои сохтмонӣ – ширкати ватании "Тоҷикгидроэлектромонтаж" дар доираи мӯҳлати пешниҳодгардида аз фурсат самаранок истифода бурда, бо назардошти мушкилоти эҳтимолӣ корҳоро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшанд.
Дар маҷмуъ, дар ин ҷаласа масъалаи ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани сохтмони НБО "Себзор", ки аҳамияти минтақавӣ дошта, дар содироти нерӯи барқи изофавӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ нақши назаррас мегузорад, махсус таъкид гардид.