ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар шоҳроҳи вилояти Саратов садамаи бузурги нақлиётӣ рух дод.
Шоми 20 январ, тахминан соати 19-30 ба вақти маҳаллӣ дар наздикии рустои Мунино дар ноҳияи Федоровский як мошини боркаш, як микроавтобуси "Хундай" ва як мошини боркаши "Газел" ба ҳам бархӯрд.
Бар асари садама, ки дар километри 423-юми шоҳроҳи федеролии А-298 Энгелс - сарҳади Қазоқистон ба вуқӯъ пайваст, тибқи маълумоти пешакӣ, се нафар кушта шудаанд.
Онҳо ронанда ва ду мусофири микроавтобус буда, шаш мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳалокшуда ва маҷрӯҳшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ дар хадамоти изтирории минтақа.
Манбаъ мегӯяд, наҷотдиҳандагон одамонро аз мошинҳояшон берун бурданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин ҳодиса тафтишоти мурофиавӣ мебаранд. Прокуратураи ноҳия рафти кор ва натиҷаи онро ба зери назорат гирифт.
Ин микроавтобус зоҳиран муҳоҷиронро барои убури сарҳади Қазоқистон мебурд, ки масири маъмул аст.
Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон дар як садама дар вилояти Нижний Новгород дучори садама шуда буданд.
Автобуси ПАЗ, ки коргаронро ба кор мебурд бо як боркаш бархӯрд.
Дар ин ҳодиса 11 нафар ҷароҳат бардошта, як нафар (ронандаи мошини боркаш) ба ҳалокат расид.
Коргарони осебдида барои ёрии тиббӣ ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шуданд.