Сабаби эҳтимолии суқути ҳавопаймо дар кӯҳҳои Бадахшони Афғонистон гуфта шуд

Оҷонси федеролии нақлиёти ҳавоӣ дар робита ба ҳавопаймои гумшуда бо мақомоти авиатсионии Афғонистон ва Тоҷикистон дар тамос буда, ҷустуҷӯи он идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳавопаймои Falcon 10 бо шаҳрвандони Русия, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон суқут кард, имкон дорад, ба далели нарасидани сӯзишворӣ дучори садама шуда бошад.
Дар ин бора як манбаъ дар доираҳои авиатсионии Русия ба РИА "Новости" хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, шамоли сахт боиси афзоиши масрафи сӯзишворӣ мешавад.
"Варзияи муқаддамоти чунин аст: тибқи маълумоти обу ҳаво, шамоли сахт муқобил буда, мумкин аст дар ҳисоб кардани сӯзишворӣ хатогӣ рух дода бошад. Аввал як муҳаррик аз кор баромад, баъдан дуюммӣ", - гуфт мусоҳиби агентӣ.
Қаблан хабаргузории "Пажвок" бо такя ба мақомоти маҳаллӣ хабар дода буд, ки як ҳавопаймои мусофирбар дар кӯҳистони вилояти Бадахшони Афғонистон суқут кардааст.
Khaama Press бошад, хабар дод, ки ҳавопаймо аз масири аввалааш дур шуда, дучори садама шудаас.
Тавре як манбаъ дар фурудгоҳи Утапао Таиланд рӯзи якшанбе ба РИА "Новости" гуфт, ҳавопаймое, ки дар Афғонистон суқут кард, дар як парвози хусусии эвакуатсияи тиббӣ аз Паттайяи Таиланд бо ду нишасти техникӣ бояд ба Маскав мерасид.
Тавре аз Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ хабар доданд, ҳавопаймои Falcon, ки дар Афғонистон нопадид шуд, дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия сабти ном шуда, дар он пешакӣ 6 нафар: 4 узви ҳайати халабон ва 2 мусофир будаанд.
Суқути ҳавопаймои мусофирбари ҳиндӣ дар Бадахшони Афғонистон
Falcon 10 бо хатсайри чартерии ёрии таъҷилӣ дар масири Гая (Ҳиндустон) - Тошканд - Жуковский ҳаракат дошт.
Оҷонси федеролии нақлиёти ҳавоӣ дар робита ба ҳавопаймои гумшуда бо мақомоти авиатсионии Афғонистон ва Тоҷикистон дар тамос буда, ҷустуҷӯи он идома дорад.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба РИА "Новости" гуфт, ки сафорати Русия бо ҷониби Афғонистон ҳамкорӣ дорад.
Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки дар пайи суқути ҳавопаймо бо шаҳрвандони Русия дар Афғонистон парванда боз шудааст.