ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Кумитаи амнияти миллии Покистон тасмим гирифт, ки равобити дипломатиро бо Эрон комилан барқарор кунад, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.
Ба иттилои оҷонсӣ, дар ин робита, сафирони қаблан бозхондшуда Ризо Амири Муқаддам ва Муҳаммад Мудосир Типу ба Исломобод ва Теҳрон бармегарданд.
Гуфта мешавад, ки Ҷалил Аббос Гелонӣ, раҳбари Вазорати умури хориҷаи Покистон ва ҳамтои эронии ӯ Ҳусейн Амирабдуллоҳиён телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.
Дар ин сӯҳбат дипломати покистонӣ ба эронӣ гуфтааст, ки кишвараш ба низоъ манфиатдор нест ва онро намехоҳад.
Вазири покистонӣ бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо бо Эрон дар арсаи амният изҳори назар кард ва ҳамчунин омодагии Исломободро барои ҳамкорӣ бо Теҳрон дар ҳама масоил бар пояи эътимоди мутақобила баён кард.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфта раҳбари бахши вижаи Вазорати хориҷаи Эрон Сайид Расули Мусавӣ, дар навбати худ Амир Абдуллоҳиён дар ин гуфтугӯ аз Покистон хостааст, ба масоили амниятӣ ва ҳамкориҳо дар арсаи низомӣ, ки тавофуқоти қаблан ҳосил шуда буданд, тамаркуз кунад ва гуфт, ки бояд риоя шавад.
Ӯ афзуд, ки ҷониби Покистон вазири умури хориҷаи Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиёнро барои боздиди расмӣ ба Исломобод даъват кардааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 16 январ Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки ба пойгоҳи аслии гурӯҳи террористии "Ҷайш-ул-Адл", воқеъ дар устони Балуҷистони Покистон, ҳаммарз бо Эрон, як мушаки баллистикӣ ва ҳавопаймои бесарнишин партоб кардааст.
Покистон ҳамлаи Эронро шадидан маҳкум кард ва рӯзи чаҳоршанбе сафири худро аз Теҳрон фаро хонд ва ҳамчунин гуфт, ки сафири Эрон низ дар ҳоли ҳозир наметавонад ба кори дипломатии худ дар Исломобод идома диҳад.
Рӯзи 18 январ вазорати хориҷаи Покистон аз як силсила ҳамлаҳо ба паноҳгоҳҳои террористон дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон хабар дод. Вазорати хориҷа қайд кард, ки ҳадафи ин амалиёт террористони покистонӣ, ки худро "сармачарами" меноманд, дар қаламравҳои идоранашавандаи дохили Эрон буданд.
Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард, ки Исломобод ба истиқлол ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром мегузорад ва ҳадафи ягонаи ин ҳамлаҳо таъмини амният ва манофеи миллии Покистон будааст.