Ширкати “Спирит”-и Русия имкон дорад дар Суғд корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯиро анҷом диҳад

Ширкати “Спирит” дар фаъолияташ, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металҳои қимматбаҳоро ҷудо менамояд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар гуфтугӯ бо роҳбарияти ширкати илмӣ истеҳсолии "Спирит"-и Русия Олег Люпак масоили ҳамкории тарафайн ва густариши онро баррасӣ кард.​
Раиси вилоят дар ин дидор таъкид кард, ки вилояти Суғд водии имкониятҳо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят як қатор барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ карда мешавад.
Вай илова кард, ки дар вилояти Суғд асосан саноати кӯҳӣ-металургӣ, нассоҷӣ, коркард ва ғайра рушд карда, воридсозии технологияи нав имкон медиҳад, ки ин бахшҳои соҳа боз ҳам ривоҷу равнақ ёбад.​
Дар ҳамин ҳол, Олег Люпак дар ин дидор таъкид дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва шарики боэътимод медонад.
Русия интиқоли маҳсулоти нафтиро ба кишварҳои ИИАО ва Тоҷикистон афзоиш дод
Ширкат азм дорад, ки ояндаи наздик бо шарикони худ аз Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ширкати мазкур дар омӯзонидани кадрҳо бо истифодаи технологияҳои нав саҳмгузорӣ намуда, корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯиро метавонад анҷом диҳад.​
Ёдовар мешавем, ки ширкати ​ илмӣ - истеҳсолии "Спирит" аз зумраи муассисаҳои бонуфузи ФР ба ҳисоб рафта, доираи фаъолияташ ҳамасола фарох мегардад. Ин ширкат асосан дар соҳаи саноати кӯҳӣ корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ гузаронида, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металҳои қимматбаҳоро ҷудо менамояд.​