Толибон* бояд бо Ҷабҳаи муқовимат ва тарафдоронаш забон ёбанд

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷаи Русия барои ислоҳи вазъ на танҳо паштунҳо дар қудрат бошанд, балки хостаҳои дигар ақвом низ ба инобат гирифта шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Толибон* бояд бо Масъуд ва тарафдоронаш забон биёбанд.
Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар нишасти матбуотӣ дар пайи натоиҷи дипломатияи Русия дар соли 2023 изҳор дошт.
Ба гуфтаи мавсуф чунин кор душвор аст, бахусус дар шароити Афғонистон, аммо бояд онро анҷом дод.
Вай аз ин гуруҳи ҳоким дар Афғонистон даъват кард, ки дигар нерӯҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҷабҳаи муқовимати Аҳмад Масъудро ба ҳукумати худ даъват кунанд ва ба ин васила ваъдаи худро дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир иҷро кунанд.
Ӯ афзуд, он афроде, ки аз дигар ақвом ҳоло дар ин ҳукумат ҳастанд аъзои худи ин гуруҳ ҳастанд.
Вай иқрор шуд, ки толибҳо вазъ дар Афғонистонро назорат мекунанд ва Русия бо онҳо тамоси доимӣ дорад.
"Дар Афғонистон ҳукумати амалан вуҷуд дорад, вай воқеан вазъро назорат мекунад. Бале, дар он ҷой баъзе ташаннуҷ ва эътирозҳо боқӣ мондаанд, аммо дар маҷмӯъ Толибон* қудратро зери назорат доранд",- гуфт ӯ.
Раҳбари вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки сафорати Русия дар Кобул ҳеҷ гоҳ корашро қатъ накардааст.
"Мо бо Толибон*, аз ҷумла аз рӯи масъалаҳое, ки барои ба ҳукумати комилан эътирофшуда табдил ёфтани онҳо ҳал кардан лозим аст, алоқаҳои доимӣ дорем", - гуфт дар хотима дипломат.
Кобулов: бе ҳукумати фарогир аз Афғонистон чизе боқӣ намемонад
Қаблан Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД хостори таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон шуд.
Вай ба таҳдидҳои афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир таъкид кардааст. Ёдовар мешавем, ки раҳбарони СПАД ният доранд, ки дар ояндаи наздик барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кунанд.
*Cозмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.