Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар нишасти хабарии солона, ки рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад, арзёбиҳои худро дар бораи вазъи байналмиллалӣ баён мекунад ва дар бораи натоиҷи кори ниҳоди зертобеяш дар соли 2023 сӯҳбат хоҳад кард.
Барои чорабинӣ, ки шахсан дар майдони Смоленская баргузор мешавад, беш аз 350 нафар намояндагони матбуот сабти ном шудаанд.
Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия дар брифинг гуфт, "тақрибан 190 хабарнигори рус ва 170 хабарнигор ва кормандони хориҷӣ, ки беш аз 140 расонаро намояндагӣ мекунанд" ҳузур доранд.
Онҳое, ки шахсан иштирок карда наметавонанд, одатан имкони тамос бо вазирро ба таври онлайнӣ доранд.
Ду нишасти хабарии қаблии Лавров ҳудуди се соат идома кард, вале ин дафъа ҳам барои посух ба ҳама суолҳо кофӣ набуд.
Дар чунин маврид вазорат аз руи анъана имкон пайдо мекунад, ки дар бораи мавзуъҳое, ки бепосух монданд, хаттӣ шарҳ диҳад.