ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Пайваст кардани Тоҷикистон ба хадамоти "Агроэкспресс"-и Русия, ки интиқоли босуръати маҳсулоти кишоварзиро тавассути роҳи оҳан таъмин мекунад, бешубҳа, ба тавсеаи интиқол мусоидат хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иҷтимоию иқтисодии Донишгоҳи молии назди ҳукумати Федератсияи Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ Алексей Зубетс хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим боиси гуногунрангии молҳо дар мағозаҳои саросари ҷумҳурӣ мешавад.
"Кишварҳои Осиёи Марказӣ истеҳсолкунандагони бузурги маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд ва онҳо ба тавсеаи интиқол ба бозорҳои Русия, ки ба молҳои онҳо талабот зиёд аст, манфиатдоранд", - таъкид кард коршинос.
Алексей Зубетс ҳамчунин қайд кард, ки дар бозори Русия маҳсулоти Тоҷикистон хеле зиёд аст, вале аксари онҳо навъҳоеанд, ки дарозмуддат нигоҳдоришаванда мебошанд.
"Танҳо он молҳое фурӯхта мешаванд, ки барои нигоҳдории дарозмуддат имкон медиҳанд - меваҳои хушк, чормағз ва маҳсулоти зуд вайроншаванда вуҷуд надорад", - қайд кард мутахассис.
Ҳамин тариқ, пайвастани Тоҷикистон ба хадамоти "Агроэкспресс"-и Русия ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, пур кардани буҷет, афзоиши даромади деҳқонон ва умуман рушди иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунад, мегӯяд доктори илмҳои иқтисод.
Илова бар ин, чунин тасмим ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон мусоидат мекунад.