ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ёрдамчии ёрезиденти Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод гардид.
Бо фармони президенти Тоҷикистон, ба ин мақом Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ таъйин шуд, ки то ҳол раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши кишвар буд.
Эмомалӣ Насриддинзода, ки то ёвари президент буд, бо қарори ҳукумат мақоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро гирифт.
Инчунин бархе аз мушовирони президент дар масоили ҳуқуқӣ ба нафақа фиристода шуданд.
Аз ҷумла бо амри раисҷумҳур Содиқ Шоназаров аз вазифаи мушовири калон, Сайфиддин Сироҷзода Сайфиддин ва Сабоҳат Муқимӣ бо сабаби ба нафақа баромаданашон аз вазифаи мушовирӣ дар бахши бахши ёрдамчии президент дар масъалаҳои ҳуқуқӣ озод шуданд.
Ба ҷои бознишастаҳо, аз ҷумла Саидзода Исфандиёр Искандар мушовири калони бахши ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардид. Вазифаҳои мушовирӣ дар ин бахшро ҳамчунин Саидмуродзода Хурсанд Абдуваҳоб ва Холиқзода Ҷонибек гирифтанд.