Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Анҷоми музокироти якҳафтаинаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон: Натиҷаҳо эълон шуданд

Гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Қирғизистон музокироти ҳафтаинаро дар масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар ҳудуди Бодканд анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 38 км марзро мувофиқа кардаанд, иттилоъ дод ҷониби Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, созиши мазкур дар мулоқоти навбатии гуруҳи кории ду кишвар дар Бодканд ҳосил шудаст.
Дар ин музокирот, ки то 15 январ идома дошт, гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ иштирок доштаанд.
Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мулоқоти Ятимов ва Тошиев дар Бодканд: Ду генерал боз чиро баррасӣ карданд? - видео
Дар оғози ин музокирот, ки раиси КДАМ Тоҷикистон, Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои тоҷикаш, Қамчибек Тошиев иштирок доштанд, ба вусъати ҳамкорӣ таъкид гардид.
Ятимов гуфт, бо Қирғизистон дар самтҳои ҳаётан муҳим созиш шуд. Дар масоили марзӣ дар самтҳои Қулунду, Мақсад, Арка ва роҳи Хистеварз тавофуқ ҳосил гардид, изҳор дошт раиси КДАМ Тоҷикистон баъди мулоқот бо ҳамтои қирғизаш дар Бодканд. Тавофуқ ҳосил шуд, протокол таҳия гардид, афзуд ӯ.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.