ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Эрон омодаи густариш ва таҳкими ҳамкориҳои интизомӣ ва амниятӣ бо ин кишвари дӯст ҳамзабон ва ҳамфарҳанг аст.
Дар ин бора фармондеҳи кулли пулиси Эрон генерал Аҳмадризои Родон, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад, дар мулоқот бо ҳамтоёни тоҷикаш изҳор дошт.
Вай дар робита ба аҳдоф ва натоиҷи ин сафар ба хабарнигори “Форс” гуфта, ки кишварҳо бо доштани муштаракоти фарҳангиву забонӣ заминаи хубе барои ҳамкорӣ дар ҳама бахшҳо доранд.
Ба гуфти ӯ, Душанбе Теҳрон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва амният низ муштаракоти умумӣ доранд.
“Мо аз мавҷудияти терроризм азоб мекашем ва кишвари Тоҷикистон низ аз мавҷудияти терроризм нигарон аст. Ин масъала метавонад ба мавҷудияти сарҳад вобаста бошад, ки баъзан мушкилотро ба вуҷуд меорад”,- афзуд ӯ.
Генерал Родон дар идома гуфт, ки дар сафар аз ВКД ва Академияи ВКД Тоҷикистон дидорҳое доштанд то майдони ҳамкориҳои муштарак дар заминаи ҳифзи ҳуқуқ ва амниятро афзоиш диҳанд.
Ҷонибҳо мувофиқат кардаанд, ки дар заминаи мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои созмонёфта, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддиру пулшӯӣ ва ҳамчунин дар заминаи захираҳои инсонӣ, яъне таҳсилоти донишгоҳӣ аз сатҳи бакалавр то дараҷаи докторӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ба бовари генерали эронӣ натиҷаи ин амал амнияти ҳар ду кишварро бештар хоҳад кард.