ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки Ёддошти тафоҳум бо ҶИ Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумии хориҷиро тасвиб кунад.
Ҳамчунин, умури сиёсати хориҷӣ муваззаф шудааст, ки бо тартиби муқарраршуда ҷониби Эронро дар бораи иҷрои расмиёти дохилии давлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Ёддошти тафоҳум зарур аст, огоҳ созад.
Ба ин тартиб, тоҷикон метавонанд як моҳ бидуни раводид дар Эрон зиндагӣ кунанд.
Бо вуҷуди ин, якчанд нозукиҳо вуҷуд доранд. Аввалан, ин танҳо ба шаҳрвандоне иҷозат дода мешавад, ки шиносномаи хориҷӣ доранд. Ва дуюм, шумо бояд бо мақсадҳои тиҷоратӣ, корӣ ё сайёҳӣ сафар кунед.
Онҳое, ки барои дарёфти кор ба Эрон рафтаниянд, ҳанӯз ҳам бояд барои дарёфти раводид муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин ёддошт рӯзи 8 ноябри соли 2023 дар пайи сафари расмии Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе ба имзо расида буд.
Сипас созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, нақлиёт, роҳи оҳан, энергетика, ташкили минтақаи муштараки озоди иқтисодӣ, гумрук, фарҳанг, илм, инчунин дар соҳаҳои технологияҳои нав, варзиш, идоракунии бӯҳрон ва мубориза бо маводи мухаддир ба имзо расиданд, гуфта мешавад дар гузориш.