Раҳмон дар бораи ифтитоҳи Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО фармон содир кард

Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг ифтитоҳ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи ифтитоҳи Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг содир кард.
Сохтор ва басти вазифавии намояндагии доимиро дар ЮНЕСКО ҳукумат тасдиқ мекунад.
Ёдовар мешавем 6 апрели соли 1993 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) шомил шуд. Худи ҳамон сол дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис ёфт.
Тоҷикистон ният дорад 12 ёдгории таърихӣ ва фарҳангиро ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намояд
Комиссияи миллӣ дар татбиқ намудани ҳадафхои Созмон саҳми арзанда дошта, ба сифати мақоми ҳамоҳангсоз фаъолият менамояд.
Аз лаҳзаи шомил шудан ба Созмони мазкур, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО самаранок вусъат ёфта, самтҳои наву созандаро фаро гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои пурсамар бо ЮНЕСКО диққати хосса зоҳир менамояд.
Тоҷикистон узви фаъоли ЮНЕСКО буда, лоиҳаҳои гуногунро дар самтҳои фарҳанг, илм ва маориф таҳияву пешбарӣ менамояд ва дар ҳифзу тарғиб намудани мероси фарҳангӣ ва табиии умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда дорад.