ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар умури делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии ду кишвар — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор гардид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар муҳокимаи масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, барои боз ҳам фаъол гардонидани гуфтушунидҳои гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи хати супоришҳои мушаххас доданд.
Қайд карда шудааст, ки мулоқоти тарафҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, дидори ахири ду генерал Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев 12 декабри соли 2023 сурат гирифта буд, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар дар бораи муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2023 баррасӣ намудаанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо, доир ба пурзӯр намудани корҳо оид ба анҷом додани таъйини хати гузаргоҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас дода буданд.
Бояд гуфт, ки раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бошад, рӯзи 11 декабри соли гузашта гуфт, ки кор рӯйи масоили марзӣ бомаром идома дорад ва мебоист то Соли нав ҷамбаст шавад, аммо каме тӯл кашид ва изҳори умедворӣ кард, ки то баҳор анҷом мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Мулоқоти ҷонибҳо бо навбат дар қаламрави тарафайн баргузор мегарданд.