ДУШАНБЕ, 11 янв – Sputnik. Дар соли 2023 кишоварзони Суғд дар гармхонаҳо 908 тонна ҳосил парвариш кардаанд.
Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва иттилооти Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, Мухтор Тоҷиев ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Дар гармхонаҳо деҳқонон тавонистанд 562,8 тонна помидор, 156,2 тонна бодиринг ва 189 тонна қаламфури булғорӣ, инчунин кашниҷу шибит ва пиёзи кабуд истеҳсол намоянд", - гуфт Тоҷиев.
Гуфта мешавад, ки дар вилояти Суғд теъдоди гармхонаҳо ба 530 адад расида, майдони умумии онҳо 55 гектарро ташкил медиҳад. Онҳо асосан помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ, афзуд Тоҷиев.
Ин мансабдор таъкид кард, ки дар ин давра майдони гармхонаҳо ва ҳаҷми ҳосили кишт нисбат ба соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Соли 2022 аз 54 гектар гармхона ҳамагӣ 870 тонна ҳосил гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки дар шимоли Тоҷикистон гармхонаҳо бо гармӣ, об ва нерӯи барқ таъминанд. Давлат ба бахши аграрии иқтисодиёт диққати махсус медихад. Ҳосили дар гармхонаҳо гирифташуда барои бозори дохилӣ истифода мешавад.
Бино ба мушоҳидаи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон зимнан дар бозорҳои Суғд арзиши як кило помидор – 25 – 27 сомонӣ, бодиринг 14 – 15 сомонӣ ва қаламфуруи булғорӣ 20 – 22 сомонӣ аст.Аммо дар зимистон нарх чандон тағйир намеёбад.