ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Департаменти муҳоҷирати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ташаббусҳои се президенти кишварҳои узвро дар соли 2024 мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Пешниҳодҳои равонашуда ба нисбатан осону сода кардани муҳоҷират дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро аз ҷумла, раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, президенти Қирғизистон, Содир Ҷабборов ва роҳбари Қазоқистон, Қосим-Ҷомарт Тоқаев нишон додаанд.
Сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии КИАО, Олтинай Омурбекова изҳор дошт, ки аз ҷумла мутахассисони комиссия пешниҳоди Ҷабборов дар бораи соддагардонии тартиби ба кор қабул карданро меомӯзанд.
Раисҷумҳури Қирғизистон ҳамчунин хостори эътирофи мутақобилаи хулосаҳои тиббӣ дар қаламрави ИИАО шудааст.
Тоқаев низ ҳамчунин коркарди муносибатҳои нав дар мавриди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоиро ироа кардааст.
Владимир Путин дар бораи илова кардани як қисми дигар ба чаҳор озодии ИИАО – яъне озодии дониш дар асоси принсипҳо ва меъёрҳои умумиро пешниҳод кардаст.
Маврид ба зикр аст, ки узвият дар ИИАО ҳаракати озоди мол, сармоя ва нерӯи кориро дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳодия таъмин месозад. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар Русия фаъолият доранд.